Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҷаҳонии Озуқа аз гуруснагӣ дар Тоҷикистон ташвиш дорад



Хоҷа Мирзода

Созмони Ҷаҳонии Озуқа ҳушдор медиҳад, ки дар ин зимистон беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Созмони Ҷаҳонии Озуқа ҳушдор медиҳад, ки дар ин зимистон беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Ҳосили ғаллаи ҷумҳурӣ имсол танҳо 236 ҳазор тоннаро ташкил дод ва акнун созмонҳои байналмилалӣ барои наҷоти мардум ба кӯмакҳои хайрияи хориҷӣ умед мебанданд. Ҷумҳурӣ барои таъмини аҳолӣ бо озуқа ба беш аз як миллион тон ғалла зарурат дорад. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ин ташкилот бо захираи феълии худ, танҳо то моҳи феврал имкони кӯмак ба эҳтиёҷмандонро дорад. Федератсиони Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ барои таҳияи кӯмак ба аҳолии Тоҷикистон саҳми зиёд мегирад. Ахиран, ин федератсион изҳори ташвиш намуд, ки аз донорҳо танҳо даҳ дар сади миқдори зарурии маводи озуқаро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG