Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финн: Нисфи аҳолии Тоҷикистонро қаҳтӣ таҳдид мекунад



Аббоси Ҷаводӣ

Сафири Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Роберт Финн гуфт, нисфи аҳолии Тоҷикистон мумкин аст, таҳти таъсири қаҳтӣ қарор гирад.

Сафири Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Роберт Финн, 29 ноябр дар форуми Аврупоӣ-Осиёӣ, ки аз тарафи Бунёди Сорос созмондиҳӣ шуда қаҳтӣ қарор гирад. Дар ин сурат ба гуфтаи ҷаноби Финн ба ғайр аз хатари ҳалок шудани мардум ва зарар ба тандурустии аҳолӣ, оромии ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ низ метавонад ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавад. Ба назари сафири Амрико Тоҷикистон ҷузви ин кишварҳои Осиёи Марказист, ки бештар аз ҳама таҳти таъсири хушксолии феълӣ қарор гирифтаанд ва камбуди ҷамъоварии ғалла ҳамроҳ бо боқимондаи мушкилоти ҷанги шаҳрвандии соли 1992-1997 Тоҷикистонро ба хатари гуруснагӣ ва қаҳтӣ рӯ ба рӯ месозад. Хушксолӣ аллакай боиси ҷо ба ҷо шудан ва тағйири макони истиқомати бахше аз аҳолӣ шудааст. Бисёре аз бошандагони деҳкадаҳо ночор ба шаҳрҳо, махсусан ба Душанбешаҳр, кӯч бастаанд. Баъзе аз тоҷикон барои мардикорӣ ба Руссия ва ё Узбакистон рафтаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Финн, Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун ёрии мустақими башардӯстона то кунун 65 ҳазор тонна ғалла ба Тоҷикистон дода ва боз 19 ҳазор тонна ғалларо тавассути Барномаи Озуқаи СММ ба Тоҷикистон расонид. Ба ғайр аз қаҳтӣ Тоҷикистон дар зимн ба хатари тундгароии исломӣ, қочоқи маводи мухаддир, камбуди эҳтимолии об ва сарозер шудани паноҳандагон аз Афғонистон рӯ ба рӯст. Роберт Финн мегӯяд, размандагони мусаллаҳи Узбакистон, бо истифода аз коридори Тоҷикистон, ба Узбакистон ва Қирғизистон ворид мешаванд. Ба ин тартиб, Тоҷикистон, ба гуфтаи сафири Амрико, навъе ба коридори бунёдгароӣ табдил шудааст. Ҳукумати президент Раҳмонов мухолифи наҳзати исломии Узбакистон аст, аммо имконияти амалии ҷилавгирӣ аз ҳаракати озоди размандагони ин созмонро надорад. Ҷаноби Финн илова мекунад, ки задухӯрдҳо дар дохили Афғонистон, ки он ҷо Толибон мехоҳанд контроли тамоми кишварро дар дасти худ гиранд, ба оромии Тоҷикистон таҳдид мекунад. Аммо муваффақияти ахири нируҳои зидди Толибон дар шимоли Афғонистон мувозинатро дар ҷабха таъмин намуда, аз хатари таъҷилии муҳоҷирати панохандагони афғон ҷилавгирӣ мекунад. Ба гуфтаи сафири Амрико, Тоҷикистон аз Афғонистон дар ташвиш аст. Зеро ин кишвар метавонад нооромии худро ба Тоҷикистон низ интиқол диҳад. Ба назари ҷаноби Финн, қочоқи маводи мухаддир, ки ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон ба шӯришгарони мусаллаҳ ва нооромии кунунӣ дар Афғонистон низ беробита нест, масълаи бисёр ҷиддист. Гуфта мешавад, ки нашъамандӣ дар байни ҷавонони тоҷик дар афзоиш аст. Сафири Амрико дар зимн ҳушдор дод, ки камбуди об низ метавонад дар моҳҳои оянда табдил ба як мушкили ҷиддӣ шавад. Ва камбудиҳо дар идораи судманди захираҳои об метавонанд мушкилоти ҷиддитар эъҷод кунанд.

XS
SM
MD
LG