Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар ҳалок шудани шаҳрвандон дар хати марзӣ Тоҷикистонро айбдор мекунад



Мирасрори Фарғонӣ

Миракбар Раҳмонқулов, дабири Шӯрои Амнияти Миллии Узбекистон, имрӯз дар як конфаронси матбуотӣ, ки дар Тошканд баргузор гардид, гуфт нируҳои Наҳзати Исломии Узбекистон ҳанӯз дар Афғонистон ва Тоҷикистон мустақар мебошанд ва ба амнияти Узбекистон таҳдид мекунанд.

Миракбар Раҳмонқулов, дабири Шӯрои Амнияти Миллии Узбекистон, имрӯз дар як конфаронси матбуотӣ, ки дар Тошканд баргузор гардид, гуфт нируҳои Наҳзати Исломии Узбекистон ҳанӯз дар Афғонистон ва Тоҷикистон мустақар мебошанд ва ба амнияти Узбекистон таҳдид мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки шӯришгарони узбак кайҳост ки қаламрави Тоҷикистотнро тарк кардаанд. Вазири умури хориҷаи Узбекистон Абдулазиз Комилов ҳам, ки дар конфаронси матбуотӣ ширкат дошт, дар робита бо минагузорӣ дар марзи Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар чанд моҳи охир боиси ҳалок шудани ҳадди аққал 20 нафар шудааст, гуфт мақомоти Тоҷикистон аз минагузории марз хабар доранд. Дар робита бо таркиши минаҳо ва кушта шудани шаҳрвандон ҷаноби Комилов афзуд ин айби тарафи Тоҷикистон натавонистаанд мардуми худро дар ин бора огоҳ кунад. Аммо додситони кулли Тоҷикистон минагузории марзи Тоҷикистонро аз тарафи марзбонони Узбекистон амали зидди қонунӣ номида хабар дод, ки алайҳи ин амал парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG