Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Амрико ва Аврупо ба Эрон


Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эълом доштанд, ки онҳо барои иқдоми нав алайҳи Эрон дар сурати даст набардоштанаш аз пажуҳиши барномаи ҳастаӣ омодаанд. Ин ҳушдор ба эъломияе ворид гардид, ки ба думболи анҷоми нишасти раҳбарони Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар Словения пазируфта шуд.

Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, ин барои сулҳи оромӣ дар ҷаҳон хатари бузург хоҳад дошт. Ӯ афзуд, агар Эрон пажуҳиши барномаи ҳастаияшро қатъ кунад, дар инзивоъи байнулмилалӣ қарор хоҳад гирифт. Ӯ гуфт, ки "гурӯҳи кишварҳо ба эрониён паёми рушан мефиристад. Паём ин аст, ки агар шумо сарпечӣ аз талаби одилонаи ҷаҳони озод барои қатъи барномаи ҳастаиро идома медиҳед, мо инзивоъи шуморо давом медиҳем, таҳримҳо ҷорӣ мекунем ва дар сурати зарурат чораҳои навро пайдо хоҳем кард.

Кишварҳои ғарбӣ аз он нигаронанд, ки Теҳрон дар пасманзаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ талош мекунад. Теҳрон ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар аҳдофи осоишта дорад.

Нишасти Амрико ва Итиҳодияи Аврупо имрӯз дар шаҳри Люблана, пойтахти Словения баргузор шуд.

Қарор аст ин бегаҳ Ҷорҷ Буш вориди шаҳри Месеберги Олмон шавад ва бо канслери ин кишвар Ангела Меркел мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG