Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорони дипломдори Тоҷикистон дар Русия


Ҳазорҳо мутахассиси Тоҷикистон, ки таҳсилоти олӣ доранд дар бозор ва сохтмонҳои Русия мардикорӣ мекунанд.

Нусратулоҳ як муҳоҷири корӣ, ки дар Тоҷикистон техникуми сохтмонро хатм кардааст ва риштаи тахасусаш устои сохтмон ва иншоот аст, имрӯз дар яке аз сотмонҳои шаҳри Маскав ба ҳайси коргари одӣ кор мекунад. Нусратуллоҳ дар бораи фаъолияти худ ва сабаби муҳоҷираташ ба Маскав чунин мегуяд:

“Ман донишгоҳро дар соли 1992 хатм кардам ва риштаи тахасусам прораб аст. Др ҳоли ҳозир дар яке аз сохтмонҳои Маскав ба ҳайси як коргари одӣ фаолият мекунам. Барои дар Тоҷикистон кор кардан маблағ лозим аст. «Агар пул дори кор ҳаст, агар не кор ҳам нест» Дар сохтмонҳои Тоҷикистон ҳаққи заҳмати зиёд намедиҳанд ва хонаводаи худро бо ин маблағ наметавон таъмин кард. Агар дар Тоҷикистон пули хуб диҳанд, ман онҷо дар назди хонаводаи худ кор хоҳам кард. Дар ватани худ бе ташвиш кор ва гаштугард мекунӣ, дар инҷо азоб аст аз пулису хадамоти муҳоҷирати мегурезиву пинҳон мешавӣ.”

Аксари муҳоҷирони таҳсилдида мегӯянд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар як бӯҳрони иқтисоди ва иҷтимоӣ қарор дорад. Мушкилоти пайдо накардани кор Тоҷикистон мутахасисонро маҷбур месозад аз ин кишвар муҳоҷират кунанд.

Мирасрор ҳамсӯҳбати дигари мо, ки мисли Нусратуллоҳ дар сохтмон кор мекунад қаблан дар Тоҷикистон омузгори мактаб будаааст. Вай мегӯяд, танҳо аз деҳаи онҳо беш аз 50 нафар одамони дорои маълумоти олӣ дар ҷустуҷӯи кор ба Руссия омадаанд ва ҳеҷ яке аз онҳо аз рӯи ихтисоси худ кор намекунад: “Дар Тоҷикистон дар пуштат «таға» бошад, маълумоти олиат низ ба кор меравад, ин тавр одамони маълумотдор бо дипломашон дар киса бозор ба бозор аробакаш шуда мегардан. Муалимон дар Тоҷикистон хеле маблағи кам мегиранд. Он маблағ барои шахси фарзханддор чӣ мешавад? Он маблағи муалимон барои сигорашон намерасад, ба далели ҳамин муаллимон корро партофта муҳоҷир мешаванд. Аз деҳаи мо беш аз 50 маълумоти олидор аст ва ҳамаашон дар Русия муҳоҷири корианд. Онҳо дар Русия дар сохтмонҳо, бозорҳо ва ғайра фаолият мекунанд.”

Муҳоҷири дигар тақрибан сарнавишти шабеҳ дорад, аммо вай дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Истраи вилояти Маскав дар сохтмон кор мекунад. Шамсиддин факултаи милиоратсияи донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, ба вазорати оби Тоҷикистон роҳхат дарёфт карда буд. Ва аммо ба сабаби маоши ночиз маҷбур шудааст дар Русия мардикорӣ кунад.

“Ин тавр аст, ки бародарони ман дар Тоҷикистон дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, агар онҳо дар Русия кор кунанду ман дар Тоҷикистон дар он ҳолат метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон корат пешрафт мекунад ва «одам мешавӣ». Аммо мутасифона дар ҳоли ҳозир даромад аз ҳеҷ ҷое нест ва маҷбурам худам зиндагиро аз Русия пешбарам.”

Дар бозору сохтмонҳои Русия муҳоҷирони маълумотдори тоҷик кор мекунанд. Онҳо дар Русия ба корҳои сангин ва заҳматталаб машғуланд. Мавзӯъи дигаре, ки дар ин робита ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ин аст, ки ҳоло ҳазорон нафар донишҷуён дар донишгоҳҳои олии Руссия ва кишварҳои дигар таҳсил мекунанд ва ҳамчун коршинос соҳиби диплом мешаванд. Оё онҳо дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон метавонанд соҳиби кор шаванд ва зиндагии худро дар зодгоҳашон пеш бубаранд? Бо дидани вазъи кунунӣ, ки шумораи хеле зиёди коршиносони дорои маълумоти олӣ дар Руссия машғули корҳои сиёҳанд ва мардикорӣ мекунанд, умеди онҳо ба бозгашт дар вуҷудашон тира мешавад ва дар солҳои ахири таҳсил барои худ дар Русия кор ҷустуҷӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG