Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари хайрбодии Буш ба Аврупо


Президенти Амрико, Ҷорҷ Даблю Буш, сафари якҳафтагии худро ба Аврупо оғоз мекунад, ва гуфта мешавад, Эрон дар сархатти гуфтугӯҳои ӯ хоҳад буд.

Буш силсиласафарашро аз Брдои Словения, макони мулоқоти сарони Иттиҳоди Аврупо, сар карда, сипас барои дидорҳои дуҷониба ба Олмон, Итолиё, Вотикон, Фаронса ва Бритониё меравад.
Дар ҳоле ки мавзӯъи асосии сӯҳбатҳои ӯро мухолифат ба талошҳои ҳастаии Эрон ташкил медиҳад, як қатор масъалаҳои дигар, аз ҷумла тағйири иқлим ва ташаннуҷи мудаввом дар Сербистону Гурҷистон низ рӯи миз хоҳанд буд.
Дар нишасти хабарии ҳафтаи гузашта, мушовири амнияти миллии Амрико, Стефан Ҳодлӣ дар бораи сафари Буш ба Аврупо гуфт, Эрон эҳтимолан дар сархатти сӯҳбатҳои ӯ дар ин сафар қарор хоҳад ёфт.
Ҳодлӣ афзуд, ахиран миёни кишварҳои аврупоӣ ва Эрон тамосҳои наве гирифта нашудааст, аммо метавон ба хабарҳое ишора кард, ки тибқи онҳо Эрон мехоҳад, ба зудӣ пешниҳоди тозаеро дар ҳалли баҳси ҳастаӣ ба аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал, Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Чин ва ҳамчунин Олмон бирасонад. Вай мегӯяд:

"Ба назарам, аз ахбори расонаҳо дарёфтаед, ки Эрон пешниҳоди нав омода мекунад ва ҳамчунон ки ман дар сари суханам ишора кардам, се кишвари аврупоӣ муштаракан бо Чин, Русия ва Иёлоти Муттаҳида низ омодагӣ мегиранд, ки пешниҳодҳои гузаштаи худро бознигарӣ кунанд ва бастаи навро масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо, Ҳавйер Солана ба эрониён хоҳад супурд. Мо хоҳем дид, ки дар гуфтушунид ба куҷо расидаем ва оё ваъдаи нав пешниҳод шудааст ё на."
Ҳодлӣ афзуд, Вошингтон аз даъватҳои ахир, ки дигар кишварҳо, ба вижа Иттиҳоди Аврупо, низ Теҳронро таҳти фишори бештар бигиранд, пуштибонӣ мекунад. Аммо бо вуҷуди таваҷҷӯҳи густарда ба Эрон, Ҳодлӣ хабарнигоронро огоҳ кард, ки аз сафари президент Буш ба аврупо дар ин мавзӯъ чархишҳои бузургеро интизор набошанд.
"Гумон намекунам, шумо шоҳиди ягон эъломияи ҳаяҷономез хоҳед шуд. Ончӣ хоҳед дид, бо мақсади канор лағжондани санги сари роҳ хоҳад буд, дар ростои ҳамоишҳое, ки дар онҳо тасмимҳои расмӣ гирифта мешаванд."
Ба ин суханони Ҳодлӣ ноиби раиси мутолиоти низомӣ ва сиёсати хориҷӣ дар Пажӯҳишгоҳи Като, як маркази хусусии мутолиот дар Вошингтон, низ ҳамсоз аст, аммо бо сабабҳои дигар. Гелен Карпентер мегӯяд, хабари хорошикане пеш нахоҳад омад, ба он сабаб ки Амрико ва Аврупо дар ин масъалаҳо дидгоҳи мутафовит доранд. Барои намуна, ҳарчанд ҳама мувофиқанд, ки Эрон бояд барномаи ҳастаияшро қатъ кунад, Амрико хостори таҳримҳои бештар аст, Русия ва Чин аз ин пешниҳод ҳимоят намекунанд.

Ақидае мавҷуд аст, ки Вошингтон таҳримҳоро пешгуфтори зарбаи ҳарбӣ медонад ва Аврупо шубҳа дорад, ки ҳукумати Буш ҳанӯз ҳам гузинаи ҳарбиро дар даст дорад ва дар сурати бенатиҷагии таҳримҳо ба кор мебарад. Ва пешниҳоди Теҳронро низ, аз нигоҳи Карпентер, ҳам Амрико ва ҳам Аврупо рад хоҳанд кард, зеро Теҳрон зоҳиран ба идомаи барномаи ҳастаияш пойфишорӣ мекунад, дар ҳоле ки дигарон аз он мудели Кореяи Шимолӣ, яъне қатъи комили чунин барномаро талаб хоҳанд кард.
Мушкили дигар ба ангезаҳои ташаннуҷ дар Сербия ва Гурҷистон бастагӣ хоҳад дошт. Карпентер мегӯяд, ҳанӯз чизе гуфтан зуд аст, ки миллатгароёни серб ё ғарбгароёни он қудрати кофӣ хоҳанд ёфт, ки масъалаи Косоворо ба шиори миллӣ табдил диҳанд. Аммо масъала барои ҳамаи сербҳо беш аз ҳад эҳсосбарангез аст ва Ғарб дар сатҳи шинохти расмии Косово аз тарафи ҳатто аврупоиён ба ғалатшуморӣ роҳ дод. Бисёр ҳукуматҳо нигаронанд, ки намунаи Косово, метавонад барои ҳаракати ҷудооихоҳи баскҳо дар Испониё ва ё Абхозистон муҳаррике шавад.
Дар масъалаи Абхозистон низ миёни Амрико ва Аврупо хатте мегузарад. Ба гуфтаи Карпентер, Аврупо намехоҳад, аз тариқи ин масъала ғазаби Русияро ба бор орад, аммо Амрико аз чунин ғазаб бок надорад.
Карпентер мегӯяд, Гурҷистон барои Аврупо масъалае нест, ки барои рӯёрӯӣ бо Русия ба андозаи кофӣ муҳим бошад. Киноядор аст, ки Иёлоти Муттаҳида, ҳам президент Буш ва ҳам номзади ҷумҳурихоҳон, сенатор Маккейн ва дастаи сиёсати хориҷии ӯ зоҳиран омодаанд, масъаларо ба сатҳи бартарияти баланд расонанд ва ба рӯёрӯии зишти дипломатӣ, камаш бо Русия, ворид гарданд."
Ба ин тартиб, мушкилоти зиёд, аммо на чархишҳои куллӣ шиори силсиласафари Буш ба Аврупо хоҳад буд. Ва иловаи охирин ин аст, ки кайҳост, раҳбарони Аврупо худро дар давраи баъд аз раёсатҷумҳурии Буш мебинанд, ки камтар аз ҳашт моҳи дигар курсиро тарк хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG