Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи саломати Чингиз Айтматов вазнин аст


Мақомоти бемористони Нуремберги Олмон мегуянд, вазъи саломати Чингиз Айтматов-нависандаи машҳури қирғиз сангин аст. Айтматов моҳи май ҳангоми филмбардорӣ дар 800 километрии Маскав ногаҳон бемор шуд ва уро барои муъолиҷа ба ин бемористон интиқол доданд. Табибони Руссия гуфта буданд, вай аз бемории гурда ранҷ мебарад. Бемористони Нуремберг Чингиз Айтматовро зери муъолиҷаи ҳамаҷониба гирифтааст. Табибони ин бемористон мегуянд, вай бемории шуш ё пневмания низ дорад. Айтматов муддате сафири Қирғизистон дар Бруксел низ буд.
XS
SM
MD
LG