Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нав болои низомиёни амрикоӣ дар Ироқ


Таркиши як мошини ҳомили бомба дар наздикии қароргоҳи низомиёни амрикоӣ дар шимоли Ироқ рӯзи якшанбе як сарбозро кушта ва 18 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Илова ба ин, ду корманди қарордодии ироқӣ, ки дар ин пойгоҳ кор мекарданд, ҷароҳат бардоштанд. Генерал Сарҳад Қодир, ки чун афсари баландпояи хадамоти полиси Киркук муаррифӣ шуд, гуфт, мошини ҳамлагар низомиёни амрикоиро дар минтақаи ғолибан суннинишини Рашод, 40-километрии Киркук ҳадаф қарор додааст. Чанде пеш аз ин, низомиёни амрикоӣ бо нашри изҳороте гуфтанд, ки рӯзи якшанбе дар пайи ҳодисаи ҷудогонаи таркиши бомбаи сарироҳӣ як сарбози амрикоӣ савори мошин дар шарқи Бағдод кушта шуд.

XS
SM
MD
LG