Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Клинтон аз номзадии Обама


Барак Обама, номзади Ҳизби демократи Амрико ба интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр аз рақиби пешинаш Ҳиллари Клинтон барои роҳандозии, ба гуфтаи Обама, “як маъракаи ҷасурона” ба хотири дарёфти ҳаққи номзадии ҳизб тавсиф кард. Обама гуфт, Клинтон бо ин талошҳои хастагинопазираш роҳро барои дарёфти ҳаққи номзадии Ҳизби демократ барои боқӣ занону духтарон ҳамвор кард.

Ин дар ҳолест, ки Ҳиллари Клинтон рӯзи шанбе аз тарафдоронаш даъват кард, ба хотири таъмини пирӯзии Барак Обама бар номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн дар интихоботи моҳи ноябр аз як гиребон сар бароранд: “Ман мехостам Кохи Сафедро баргардонам ва мутмаин шавам, ки раисиҷумҳури мо нафаре хоҳад шуд, ки кишвари моро аз роҳи сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафт ба пеш мебарад. Ва агар мо дақиқан ҳаминро бихоҳем, бояд мутмаин шавем, ки рӯзи 20 январи соли 2009 дарҳои Кохи Сафедро Барак Обама боз хоҳад кард, на дигаре.”

20 январ рӯзи адои савганди раисиҷумҳури нави Амрикост.
XS
SM
MD
LG