Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди нодонистаи дуздӣ аз манзили сарвазири Косово


Пулиси Косово як ҷавони 19-соларо бо иттиҳоми қасди дуздӣ аз манзили сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ дастгир кард.

Пулис мегӯяд, ин ҷавон манзили сарвазир будани ҳадафи дуздиашро намедонист.

Дар ҷараёни даргирӣ бо муҳофизони Ҳошим Тоҷӣ дузди беиқбол захмӣ шуд. Сарвазири Косово ин ҳодисаро ҳамчун ҳамла ба хонаводаи худ ва ба ҳукми қонун дар ин кишвари тозаистиқлол маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG