Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муколамаи Русияву Тоҷикистон бояд бетаваққуф бошад


Президенти Русия Дмитрий Медведев мегӯяд, ки раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ бояд дар анҷуманҳои шабеҳи нишасти Санкт Петербург гирди ҳам оянд.
Рӯзи шанбе аснои мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Медведев ибрози сипос намуд, ки раҳбари тоҷик рӯзи ҷумъа дар нишасти раҳбарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва рӯзи шанбе дар Анҷумани иқтисодии Санкт Петербург иштирок кард.
Президенти Тоҷикистон дар ҷавоб изҳор намуд, ки ҳамроҳ бо худ як ҳайъати бузурги аъзои ҳукуматро ба Санкт Петербург овардааст ва Тоҷикистон ба сармоягузорон чанд хушхабар дорад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, умед дорад, ки табодули назар дар бораи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Русия ва на танҳо дар соҳаи энергетика сурат хоҳад гирифт.
Ба ақидаи Медведев муколамаи Русияву Тоҷикистон бояд бидуни таваққуф идома дошта бошад. Раисҷумҳури Русия афзуд, ки дар се моҳи аввали соли равон рушди равобити миёни ду кишвар 60%-ро ташкил додааст.
Президент Раҳмон таъкид кард, ки ниҳодҳои интизомии ду кишвар бо итминони баланд бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG