Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба консорциуми бунёди Роғун даъват шуд


Тоҷикистон Русияро расман барои ширкат дар бунёди нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби консорциуми байнулмилалӣ даъват кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки номаи расмии сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ахиран ба ҳукумати Русия ироа гардид. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, консорциуми байнулмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ таъсис мешавад.
Қаблан Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон ширкати кишвараш дар бунёди нерӯгоҳи Роғунро мумкин хонда ва аммо гуфта буд, ки барои сохтмони ин нерӯгоҳ ба консорциуми байнулмилалӣ ниёзе нест. “Шумо ҳаққи моро мушаххас кунед ва мо ин нерӯгоҳро месозем”, гуфта буд Абдулатифов.

XS
SM
MD
LG