Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воқеъияти навори сарбурӣ дар Русия


Навори одамкушии нажодпарастони рус, ки рӯзи 14 августи соли 2007 дар интернет пайдо шуда буд.
Навори одамкушии нажодпарастони рус, ки рӯзи 14 августи соли 2007 дар интернет пайдо шуда буд.

Пулиси Русия ҳамроҳ бо ҳамкасбони олмонии худ муҷримони қавмгарои русро ҷустуҷӯ доранд, ки як сол пеш як доғистонӣ ва як тоҷикро сар зада буданд.

Владимир Маркин, намояндаи кумитаи тафтишотии додситонии Русия гуфт, вазорати умури дохилаи Русия ҳамроҳ бо пулиси ҷиноии Олмон мушғули тадқиқи ҳуввияти муаллифони навори видиёие ҳастанд, ки тобистони соли гузашта дар Интернет нашр шуда, саҳнаи қатли ваҳшиёнаи ду зодаи Доғистону Тоҷикистон аз сӯи як гурӯҳи ношиноси қавмгароёни русро намоиш медод. Маркин гуфт, ки муфаттишон фарзияи дар ин куштор даст доштани афроди мушаххаси марбут ба гурӯҳҳои натсионал-сотсиалистро таҳқиқ карда, дар чаҳорчӯби парванда алакай як силсила амалиёти ҷустуҷӯӣ низ анҷом додаанд.

Мақомоти Русия бори аввал эътироф карданд, ки он навор сохта набуд. Намояндаи кумитаи тафтишоти Русия гуфт, маҳалли куштор ва ҳуввияти яке аз эъдомшудагон – зодаи Доғистон - шиносоӣ шуда, ташхисоти анҷомшуда воқеъӣ будани наворро собит кардааст.

Ҳуввияти қурбони дуввум, ки қотилон шаҳрванди Тоҷикистон номаш мебурданд, ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Нашри навори он куштори ваҳшатангез дар Интернет сарусадои зиёдеро пиромуни афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва куштори афроди ғайрирус дар заминаи адовати қавмӣ ба эҷод кард, вале то кунун танҳо ношири он навор дар Интернет - як донишҷӯ аз шаҳри Майкопи Русия –бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмӣ ба 1 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст.

Хабаргузории «Регнум» навишт, ки хешовандони Шомил Урдаманов дар Доғистон дар чеҳраи яке аз ин мақтулон ӯро шинохтаанд ва гуфтаанд, ки Шомил як сол пеш барои мардикорӣ ба Маскав рафта, аз моҳи август беномунишон шудааст.

Ҳувияти қурбонии дувум, ки қотилон ӯро шаҳрванди Тоҷикистон унвон намуданд, ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Нашри навори он куштори ваҳшатангез дар шабакаи Интернет сарусадои зиёдеро перомуни афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва куштори афроди ғайрирус дар заминаи адовати қавмӣ эҷод кард, вале то кунун танҳо як донишҷӯ аз шаҳри Майкопи Русия, ношири он навор дар Интернет, бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмӣ ба 1 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG