Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама мухолифи дастрасии Эрон ба силоҳи ҳаставӣ


Сенатори демократ Барак Обама мегӯяд, дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА кори аз дасташ меомадаро ба сомон мерасонад, то Теҳрон ба силоҳи ҳаставӣ дастрасӣ пайдо накунад.
Паёми Обама дар ҷаласаи тарафдорони Исроил ҳамагӣ чанд соат пас аз комёбии ӯ дар сабқати дохилиҳизбӣ садо дод.
Обама аз пуштибонии кофии вакилони анҷумани ҳизби демократ баҳрманд шудааст.
Обама мегӯяд, Эрон Ховари миёнаро бо таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад ва ба ҳайси президенти ИМА ҳадафи Обама рафъи ин таҳдид хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG