Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама пешгом шуд


Баъди ин ки маълум шуд Барак Обама аз пуштибонии бештари вакилони ҳизбӣ барои дастёбӣ ба унвони номзади интихоботии демократҳо бархурдор шудааст, сенатор Ҳиллари Клинтон гуфт, вай ҳанӯз дар робита ба ояндаи сиёсии худ тасмиме нахоҳад гирифт. Клинтон дар баробари тарафдоронаш дар Ню-Йорк гуфт, ки вай дар рӯзҳои наздик дар ин замина бо раҳбарони ҳизб машварат хоҳад кард. Дар пайи интихоботи муқаддамотии Дакотаи Ҷанубиву Монтана ишораҳо мешавад, ки Барак Обама аз раъйи қобили мулоҳизаи вакилони ҳизбӣ бархурдор шудааст ва ин овозҳо ба вай барои ҷамъоварии 2118 овози аъзои ҳизб кӯмак хоҳад кард. Ҳарчанд дар раъйдиҳии гузаштаи ин ду аёлат Клинтон дар Дакотаи Ҷанубиву Обама дар Монтана пирӯзӣ ба даст оварданд, шонси Клинтон барои пирӯзӣ дар натиҷаҳои ниҳойӣ ба сифр баробар мешавад.
XS
SM
MD
LG