Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон шӯру ғавғои шабонаи мухлисонро иҷоза дод


Олмон иҷрои қонунеро, ки шӯру ғавғо дар кӯчаҳоро аз соати 10 шаб то 6 субҳ манъ мекард, тайи рӯзҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо мутаваққиф кард. Ҷоми Аврупо имсол аз 7 то 29 июн дар Австрия ва Швейтсария мегузаранд.

Вазорати муҳити зисти Олмон дар рӯзҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки 2 сол пеш дар ин кишвар доир шуд, низ иҷрои ин қонунро мутаваққиф сохта, ба мухлисон имкон дода буд, ҷараёни бозиҳоро дар кӯчаву хиёбонҳо ба роҳатӣ тамошо кунанд.

Қонуни мазкур мизоҷони тарабхонаҳоеро, ки дар кӯчаву боғчаҳо мизу курсӣ мегузоштанд, маҷбур мекард, баъд аз соати 10 шаб худро дар дохили бинои тарабхона бигиранд.

XS
SM
MD
LG