Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дания Ал-Қоидаро масъули ҳамла дар Исломобод номид


Мудири PET, хадамоти иктишофии Дания Якоб Схарф имрӯз гуфт, “эҳтимолан” дар паси ҳамлаи рӯзи душанбе ба сафоратхонаи ин кишвар дар пойтахти Покистон, шаҳри Исломобод, шабакаи Ал-Қоида ва ё ягон гурӯҳи ҳамдасти ин шабака истодаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Покистон талош доранд, интиҳорӣ будани он ҳамларо дақиқ кунанд.

Инфиҷори мошини бамбгузоришуда дар назди сохтмони сафорати Дания дар Исломобод, ки мунҷар ба ҳалокати дасти 6 нафар ва ҷароҳат бардоштани 35 тани дигар шуд, чанд ҳафта пас аз таҳдиди Ал-Қоида ба он кишвар рух дод. Ал-Қоида таҳдид карда буд, ки Дания баҳои чопи тасвирҳои танзомези паёмабри Ислом дар матбуоташро хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG