Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯътабар Тоҷибоева маҳбасро тарк кард


Дар Узбакистон ҳомии ҳуқуқи башар Мӯътабар Тоҷибоева аз маҳбас озод карда шуд. Ӯ саркӯб шудани тазоҳурот дар шаҳри Андиҷон дар моҳи майи соли 2005-ум аз сӯи ҳукуматро шадидан танқид карда ва аз сӯи додгоҳ барои 8 сол равонаи зиндон шуда буд. Ахиран Мӯътабар Тоҷибоева барандаи ҷоизаи байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба номи Мартин Энналс дар соли 2008-ум эълон гардид.

Ҳомии ҳуқуқи башари узбак ҳангоми сафари ёвари Котиби давлатии Амрико Ричард Баучер ба Тошканд маҳбасро тарк намуд.

XS
SM
MD
LG