Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раҳбари САҲА ба Тоҷикистон


Масоили марбут ба амнияти марзӣ, ҳуқуқи башар ва вазъи Афғонистон дар меҳвари дидору гуфтугӯҳои раҳбари САҲА, вазири хориҷаи Финландия Александер Стубб бо мақомоти минтақаи Осиёи Марказӣ қарор хоҳад гирифт. Ин сафар, ки имрӯз оғоз мешавад, ба қавли хабаргузории ИТАР-ТАСС се рӯз идома карда, аз Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Баъдан оқои Стубб аз Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳам дидан хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафарҳо мулоқоти вай бо раисони ҷумҳуриҳо, вазирони хориҷа ва раҳбарони парлумонҳои ин ҷумҳуриҳо дар назар гирифта шудааст. Инчунин қарор аст, ӯ бо намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятии ин кишварҳо низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG