Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як нафар дар интихоботи Македония


Субҳи якшанбе дар ҳоле, ки раъйдиҳандагони македонӣ Маҷлиси қонунгузори нав интихоб мекарданд, дар натиҷаи тирпарронӣ дар минтақаи албанинишини шаҳри Скопйе: пойтахти Македония як нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар шаҳри албанинишини Арачиновои Македония ҳам хушунат боис гашт, ки интихобот дар 17 фавзаи интихоботӣ мутаваққиф гардад. Аслан интихоботи пеш аз мӯҳлат дар паи фурӯпошии эътилофи ҳоким рӯи эътирофи соҳибистиқлолии Косово ва узвияти Македония дар паймони НАТО баргузор гашт.
XS
SM
MD
LG