Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Македония


Имрӯз дар Македония (Мақдуния) интихоботи пеш аз мӯҳлати маҷлиси қонунгузор барпо мешавад. Ихтилофи эътилофи ҳоким дар масъалаи ислоҳи ҳуқуқи ақаллияти албанитабор ва нотавонӣ дар вуруди чар чӣ зудтари ин кишвар ба паймони НАТО сабаби баргузории ин маърака шумурда мешавад.
Назархоҳиҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳизби муҳофизакори сарвазир Никола Груевский аз пуштибонии тақрбан 31% раъйдиҳандгон баҳраманд аст. Дар ин назархоҳӣ ҳизби сотсиал-демократи мухолифи ҳукуматро 11% овоздиҳандагон дастгирӣ кардаанд.
Интихоботи имрӯзаро 13000 афсари полис, беш аз 6200 нозир ва аз ҷумла 500 нозири байналмилалӣ муроқибат мекунанд.
Вале сарфи назар аз ҳузури полису нозирон аз Македония гузоиш дарбораи хушунат пахш шудааст.
Полис мегӯяд, субҳи якшанбе бар асари тирпарронӣ дар як гӯшаи албанинишини Скпойе: пойтахти Македония се нафар маҷрӯҳ шуданд. Рейтерс гузориш медиҳад, ки субҳи барвақт дар шаҳри албанинишини Арачиново бо сабабҳои амниятӣ овоздиҳӣ мутаваққиф шуд.
XS
SM
MD
LG