Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯи ҷӯи Мулиён дар Бишкек


Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, маҳфили бузургдошти сардафтари адабиёти форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Зери садои мусиқӣ байтҳои машҳури зайли устод Рӯдакӣ садо доданд, ки як нишасти ширу шакарро ҳусни оғоз бахшид:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон,
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Бале, ин маҳфил бо ибтикори Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ ва Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар таҳти унвони «Бӯи ҷӯи мулиён» сурат гирифт, ки ба 1150-солагии қофиласолори назми форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуд.
Асомиддин Саидов, сафири томмулихтиёри Тоҷикистон дар Бишкек, гуфт, ки соли равонро ЮНЕСКО, аз ҷумла, соли устод Рӯдакӣ эълон кардааст. Ӯ афзуд, ки ба ин муносибат дар Тоҷикистон маҳфилу ҷашнвораҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, дар суханрониаш мутазаккир шуд, ки донишмандон ва олимони шинохтаи Тоҷикистону Эрон ва соири кишварҳои аврупоӣ даврони салтанати сулолаи Сомониёнро давраи тилоии адабиёти форсӣ қаламдод кардаанд.
Вай афзуд, ки Дар бунёди ин қасри муҳташами шеъру сухан нақш ва ҷойгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ басо муҳим мебошад. Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон, гуфт ӯ, дар шаҳру деҳоти тоҷикнишини кишвараш низ таҷлили 1150-солагии бузургдошти устод Рӯдакиро раҳандозӣ хоҳад кард.
Аббоси Қароғочлӣ, устоди Донишгоҳи байнулмилалии «Манас»-и Бишкек, иброз дошт, вақти он расидааст, ки муаррихин ва мардуми ватанаш Туркия низ ҳарчи бештар аз ашъори оламгири Рӯдакӣ огаҳ намоянд.
Баъди анҷоми маҳфил Истодаи Турсунзод, ки қироъати ашъори устод дар ин маҳфил ба дӯши вай буд, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба ӯ муяссар шудааст якчанд намунаҳоро аз ашъори ӯ барои ширкаткунандагони маҳфили имрӯза қироат кунад.
Ба гуфтаи Истодаи Турсунзод тоҷикони муқими Бишкек хеле сарфарозанд, ки дар Қирғизистон низ бузургдошти 1150-солагии устодро роҳандозӣ карданд ва аз дигарон ҷиҳати таъсиси ин гунна маҳфилҳл дар қафо намонданд.
Ногуфта намонад, ки ашъори устод Рӯдакиро шоираи номдори қирғиз Бахтигул Чотурова ва шоираи русизабони Бишкек Светлана Суслова ба қирғизиву русӣ баргардонидаанд ва намунаҳои тарҷумаи онҳо низ дар ин маҳфил қироат шуд.
XS
SM
MD
LG