Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хостаҳои ҷавонони Русия


Бино ба омори Бунёди афкори омма, ҷавонони имрӯзаи Русия дар фикри пешрафти кор, ихтисоси хуб ва зиндагии осуда ҳастанд.

Ҷомеашиносони Русия миёни насли ҷавони имрӯза, ки насли Путин номида мешавад, насли иттиҳоди шӯравӣ назарсанҷиеро анҷом додаанд, ки дар он фарқи зиндагии ҷавонони шӯравии собиқ ва ҷавонони имрӯза матраҳ шудааст. Ба гуфтаи коршиносон, ҷавонони имрӯзаи Русия мисли ҷавонони замони шӯравӣ чандон зиндагиро мушкил намебинанд. Барои ҷавонони имрӯзаи Русия тамоми шароит муҳайё шудааст, то ҷавоне битавонад дар роҳҳои мухталиф пешрафт кунад. Ҳамчунин, бино ба пажӯҳиш, ҷавонони имрӯзаи Русия дар фикри фардои худ нестанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҷавонон он маблағи зиёде, ки ба даст меоранд, барои рӯзи мабодои худ захира намекунанд, чуноне ки ҷавонони шӯравӣ мекарданд. Ҳамчунин барои ҷавонони имрӯзаи Русия пешрафти кор ва маблағи зиёд муҳимтар аз хонадоршудан будааст. Александр Шелкин, сардабири рӯзномаи «Русия ва Аврупо», мегуяд, майли ҷавонони имрӯза ба маошу пешрафти кор чизи оддист, вале онҳо бояд аз таҷрибаи насли иттиҳоди шӯравии собиқ низ истифода кунанд.

Вай афзуд, «ба назари ман, ин чизи оддист, ки ҷавонони имрӯза барои пешрафту пули зиёд талош доранд. Ба далели он ки дар ҳоли ҳозир барои пешрафти кор барои ҷавонон ҳамаи шароит муҳаё шудааст. Фақат барои ҷавонони имрӯза як чиз намерасад, таҷрибаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ. Ва ин фарқияти насли мову имрӯзаи ҷавонон аст. Ва мо дар қиёс ба ҷавонони имрӯза таьрибаи зиёд дорем».

Аммо Леонид Киселман, раиси Маркази пажӯҳиш ва пешгӯии фарояндҳои иҷтимоӣ, ба ин назар мувофиқ нест. Вай мегуяд, ҷавонони имрӯзаи Русия аз насли пешин боақлтар ва босаводтар ҳастанд. Киселман розист, ки ҷавонон имрӯз ба пулу пешрафт аҳамияти зиёд медиҳанд, аммо, вай гуфт, ҷавонони имрӯза дар асри бисту яки текноложӣ ба таҷрибаи калонсолон ва насли пешин ё насли иттиҳоди шӯравии собиқ аслан ниёз надоранд.

Леонид Киселман меафзояд, «ҷавонони асри 21 ҷавонони насли Путин нестанд. Чун худи Путин ҳам аз насли мост, аз насли Иттиҳоди шӯравист. Мо ҳама аз насли шӯравӣ ҳастем. Бачаҳои имрӯза дигар ҳастанд. Онҳо ҷаҳонбинии дигар доранд. Онҳо аз насли мо боақлтар ҳастанд ва, шумо тасавур намекунед, ки онҳо чӣ қадар боақл ҳастанд. Барои мисол, писари 14-солаи ман. Ӯ бо ду ангушти худ компютеро рушан мекунад ва дар Интернет барои худ тамоми итилоъро ба даст меорад. Ӯ ҳамаи чизро медонад. Ӯдаҳ баробар аз ман бештар итилоъ ва дониш дорад».

Ба гуфтаи коршиносон, насли имрӯзаи Русия дар қиёс бо насли гузашта, ки дар Иттиҳоди шӯравӣ зиндагӣ мекарданд, донотар ва фаъолтар ҳастанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки чашмҳоро пӯшида ба сӯи пешрафт ва маблағи зиёд давидан ахлоқи ҷавононро метавонад хароб кунад. Ба гуфтаи коршиносони Русия, дар ҳоли ҳозир ҷавонони ин кишвар танҳо дар фикри худ ҳастанд ва ба волидайну наздикони худ камтар меандешанд.

XS
SM
MD
LG