Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони ғизо ва ҷангзадагон


Болову поинравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ҷаҳонро нигарони эҳтимоли бурӯзи ошӯбҳо дар густурае бузург аз Осиё то ба Африқо кардааст.

Гузориши солонаи Кумитаи байнулмилалии «Салиби сурх» мегӯяд, буҳрони ҷаҳонии ғизо хатари афзоиши хушунатҳо дар манотиқи ҷангзадаро ба бор меорад – дар манотиқе, ки миллионҳо нафар аллакай дар як ҳоли ногувор ва осебпазир ба сар мебаранд.
Ин созмони имдодӣ мегӯяд, таййи танҳо соли гузашта ба тақрибан 4 миллион мардуми бар асари ҷангҳову хушунатҳо беҷошуда кумак расонда, ҳазинаи ҷамъи барномаҳои имдодиаш дар соли 2007-ум 919 миллион долларро ташкил додааст.
Урдӯгоҳи беҷошудагон дар ҳошияи шаҳри Мувсили Ироқ манзили муваққати мардумест, ки ин шаҳрро ба иллати хатари хушунатҳои мазҳабӣ тарк гуфтаанд. Гузарони зиндагии аҳли ин урдугоҳ асосан аз ҳисоби кумакҳои Кумитаи байнулмилалии «Салиби сурх» аст.
Холид Фақӣ Катто, яке аз ин беҷошудагон мегӯяд: “Ман маҷбур шудам, аз Мувсил фирор кунам, чунки онҳо ба ман гуфтанд, ки мо курдем ва онҳо маро муттаҳам карданд, ки ба нафъи амрикоиҳо ҷосусӣ мекунам. Онҳо ба мо гуфтанд, ки мо ҳаққи зиндагӣ кардан дар Мувсилро надорем ва ба ҳамин далел, мо ба ин ҷо омадем”.
Ӯ дар ин урдугоҳ асосан аз ҳисоби кумакҳои Кумитаи байнулмилалии «Салиби сурх» зиндагӣ мекунад.
Ин созмон таъйид мекунад, ки дар соли гузаштаи 2007 ба тақрибан 4 миллион нафари дар асари ҷангу хушунатҳо беҷошуда дар саросари ҷаҳон кумак кардааст. «Салиби сурх» дар гузориши солонааш мегӯяд, боло рафтани нархҳо ба уҳдадориҳои гирифтаи ин созмон меафзояд. Дақиқтараш, ба ҳазинаи ин уҳдадориҳо, ки танҳо дар соли гузашта ба ҳудуди 1 миллиард доллар наздик шудаву имсол ба иллати афзоиши нархҳо метавонад аз марзи 1 миллиард хеле фаротар биравад.
Перр Краҳенбулл, мудиромили Кумитаи байнулмилалии «Салиби сурх» мегӯяд: “Афзоиши ахири қимати маҳсулоти ғизоӣ мояи нигаронии воқеъии Кумитаи байнулмилалии «Салиби сурх» шудааст. Мо таъсири он ба мардумеро, ки дар манотиқи низоъ дар қорраи Африқо, масалан дар Ҷумҳурии Марказии Африқо ва дар Чад, аллакай дар як ҳоли осебпазир қарор доранд, мушоҳида мекунем”.
Аммо Марсал Айзард, сухангӯи «Салиби сурх», мегӯяд, асароти болоравии нархҳоро метавон дар густурае хеле фаротар аз танҳо қорраи Африқо ба чашм дид: “Дар кишварҳои Ғарб, метавон дид, ки мардум ҳудуди 15 дарсад аз даромади худро сарфи ғизо мекунанд. Дар кишварҳои фақиртар ин рақам зиёдтар – аз 30 то 50 дарсад буд. Акнун мо мебинем, ки мардум дар кишварҳои даргири низоъҳои низомӣ то 75 дарсади пули худро барои ғизо харҷ мекунанд. Онҳо ба хотири наҷоти худ маҷбуранд, асосан, дигар анвоъи хароҷоти худ, аз ҷумла барои омӯзиш ва ҳифзи сиҳҳатро, коҳиш диҳанд. Мо чунин вазъи ногуворро аллакай дар кишварҳое, ки бо низоъи низомӣ ва ё хушунат рӯбарӯ ҳастанд, назири Сомали, Чад, Афғонистон, Ҳаитӣ ва кишварҳои дигар, мушоҳида мекунем”.
Дар гузориши солонаи ин созмон омадааст, мардуме, ки маҷбур ба тарки манзили худ шудаанд, дар муқобили болоравии нархҳо бештар осебпазиранд, ки як намунааш таъсири афзоиши дубаробари нархи биринҷ дар соли гузашта буд.
Дар ҳамин ҳол, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва маводди сӯхт мушкилест, ки ба талошҳои созмонҳои хайрия дар роҳи расонидани кумакҳои ғизоӣ ба мардуми ниёзманд низ таъсири манфӣ гузоштааст. Барномаи ғизои СММ дар соли ҷорӣ ба хотири такмили барномаҳои имдодии худ хостори 775 миллион доллар кумакҳои иловагӣ шуда буд.
Тавре ба назар мерасад, Кумитаи байнулмилалии «Салиби сурх» низ ба хотири иҷрои уҳдадориҳои худ дар соли ҷорӣ маҷбур мебошад, ки аз донорҳо кумаки бештар тақозо кунад.
XS
SM
MD
LG