Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз даргирии Кӯлоб


Намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар Бадахшон имруз, 27 май дар шаҳри Хоруғ як нишаст баргузор карда, дар робита бо даргирӣ дар Кӯлоб бо судури як баёния изҳори нигаронӣ карданд.

Дар баёния омадааст, ки «таъқибу фишор ва кӯшиши саркуб намудани намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин чанд сол боз идома доштааст, аммо воқеаъи имрӯз дар Кӯлоб рух дода, нишон медиҳад, ки гурӯҳе худро ғолиби ҷанги шаҳрвандӣ шумурда, на танҳо бо собиқ мухолифин, балки бо ҳаммаслакони собиқи худ бо забони силоҳ ҳарф задан мехоҳанд».

Имомназар Имомназаров, яке аз собиқ фармондеҳони неруҳои мухолифин дар минтақа изҳор дошт, новобаста аз он ки гуруҳи ахир дар ҷанги шаҳрвандӣ дар муқобилашон қарор дошт, аммо ӯ ва ҳамақидаҳояш ҳуҷуми мусаллаҳона ба сари Сӯҳроб Лангариевро шадидан маҳкум мекунанд. Вай гуфт, «мо ҳама гуна таъқибу фишор ва бо зӯри силоҳ ҳал намудани масъалаҳоро маҳкум мекунем. Имрӯз бо ҳар баҳона чӣ ҷонибдорони собиқ мухолифин ва чӣ ҷонибдорони ҳукумат саркӯб мешаванд. Аз ин фақат халқи тоҷик зарар мебинад».

Намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар Бадахшон аз ҳукумат даъват ба амал оварданд, ки даргириро дар Кӯлоб хотима бахшад. Дар ин баёния омадааст, дар арафаи имзои созишномаи сулҳ муташанниҷ гардидани вазъ ва идомаи айбҷӯӣ ва таъқибу фишор онҳоро нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG