Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави асосӣ Туркманистонро нав мекунад?


Дар Туркманистон аз Қонуни асосии пешини кишвар ҳамин тавр, бо рақсу суруд, истиқбол шуда буд
Дар Туркманистон аз Қонуни асосии пешини кишвар ҳамин тавр, бо рақсу суруд, истиқбол шуда буд

Туркманистон барои нахустин бор дар чандин соли гузашта даст ба ислоҳи низоми қонунгузориаш мезанад. Ин ислоҳот қадаме ба пеш аст ё ба қафо?

Ишқобод дар садади вуруди тағйирот ба Қонуни асосии Туркманистон аст, ки салоҳиятҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро тақвият медиҳад, вале як тағйироте ҳам дар ин миён матраҳ аст, ки шохаҳои қудрат дар ин кишварро ба самте, ки бештар бӯву ранги демократия диҳад, тағйир хоҳад дод.
22-вуми май Кумисиюни давлатии ислоҳи Қонуни асосӣ, таҳти раёсати президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пешниҳодҳои расида аз сӯи мардум дар робита ба маҷмӯъи тағйирот ба Қонуни асосиро баррасӣ кард.
Оқҷа Нурбердиева, раиси парлумони Туркманистон, хостҳои мардум дар робита ба ислоҳи Қонуни асосиро ба аъзои ин кумисиюн чунин бозгӯ кард: “Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки аз мардум пешниҳоди зиёде расидааст, ки мақоми Халқ Маслиҳатӣ тағйир дода шуда, салоҳиятҳои он дар умури давлатӣ байни раисҷумҳур ва порлумони Туркманистон тақсим карда шавад”.
Халқ Маслиҳатӣ ниҳоди олии қонунгузор дар Туркманистон маҳсуб шуда, ҳатто аз порлумон ҳам болотар меистад. Он бо шумули 65 узви порлумони Туркманистон, дар маҷмӯъ ҳудуди 2500 вакил дорад, вале дар баъзе иҷлосияҳои он то 3000 вакил ҷамъ мешаванд. Ба ҷуз аз вакилони порлумон, дигар аъзои Халқ маслиҳатӣ таъйин мешаванд, на интихоб. О. Нурбердиева гуфт, идораи умури Халқ маслиҳатӣ, масалан, даъвати оҷили вакилони он ба иҷлосия, коре сангин аст. Вай афзуд, ин ниҳод акнун лағв шуда, дар ивазаш Шӯрои оқсаққолҳои Туркманистон рӯи кор хоҳад омад.
Халқ маслиҳатӣ, ниҳоди қонунгузор, вале ғайримунтахабест, ки дар замони президентии Сафармурод Ниёзов эҷод шуда буд. Ҳамин ниҳод Ниёзовро доҳии миллати туркман хонд ва Туркманбошӣ лақабаш дод, ҳамин ниҳод дар соли 1999 Ниёзовро раисиҷумҳури умрбоди Туркманистон эълон кард ва соли 2002 номи моҳҳо – ҳатто рӯзҳои ҳафтаро – тағйир дод, ки аксари онҳоро марбут ба худи Ниёзов, волидайн ва ҳам китобҳои навиштааш номгузорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, ки дар Туркманистон, ҳамин тавр, давраи панҷсолаи раёсатҷумҳурӣ низ тағйир бихӯрад. Дар ҷаласаи кумисиюни ислоҳи Қонуни асосии Туркманистон пешниҳод шуд, ки ин кишвар низ ба пайравӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба давраи ҳафтсолаи раёсатҷумҳурӣ гузарад.
Интихоботи моҳи феврали соли гузашта, ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро расман ба курсии раёсати ҷумҳурии Туркманистон нишонд, нахустин интихоботи президентӣ дар ин кишвар аз соли 1992 ба ин сӯ буд ва Бердимуҳаммадов, қарори маълум, барои 5 сол интихоб шудааст.
Ҳанӯз равшан нест, ки тарҳи Қонуни асосии ҷадиди Туркманистон мустақиман аз сӯи мардум тавассути райъпурсии ҳамагонӣ тасвиб хоҳад шуд ва ё давлат бо ин танҳо як моҳи, ба истилоҳи замони шӯравӣ, “муҳокимаи умумихалқӣ” иктифо мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Ширин Аҳмадова, мудири Пажӯҳишгоҳи миллии демократия ва ҳуқуқи башари Туркманистон, мегӯяд, Ишқобод бояд дар роҳи ислоҳи Қонуни асосиаш аз таҷрибаи байнулмилалӣ ба таври фаровон истифода кунад: “Бояд паймонҳои СММ, ки Туркманистон имзо кардааст, санадҳои САҲА, собиқа ва таҷрибаи қонунгузории кишварҳои муштаракулманофеъ ва кишварҳои дигар омӯхт ва дар ҷараёни таҳияи маҷмӯъи тағйирот ва ислоҳи Қонуни асосии Туркманистон аз он ҳама истифода бурд”.
Дар ҳар сурат, ҳаракатҳои ахири Ишқобод, ҳатто бо вуҷуди табиъати равшани демократӣ надоштанаш, аз сӯи маҳофили байнулмилалӣ, масалан, САҲА ё ИА, ҳатман истиқбол хоҳад шуд.
Аврупо ҳамеша азм дошт, ки ба манобеъи саршори гази Туркманистон даст биёбад, вале шарм мекард, ба сӯи давлати Туркманистон, ки дар тӯли солиёни дароз ҳамчун як поймолкунандаи ҳуқуқи башар ном бароварда буд, оғӯш кушояд.
XS
SM
MD
LG