Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун мақомоти Мянмарро ҳушдор дод


Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳори итминон кард, ки мақомоти низомии Мянмар дар роҳи вуруди кормандони созмонҳои хайрияи хориҷӣ ба манотиқи аз тӯфон осебдида монеъа эҷод нахоҳанд кард. Имрӯз сафари Бан Ки Мун ба Янгон поён ёфт – ӯ дар конфаронси байнулмилалии кумак ба Мянмар ширкат дошт. Кишварҳои олам ваъда карданд, ки барои рафъи паёмадҳои тӯфони “Наргис” ба Мянмар 100 миллион доллар кумак хоҳанд кард. Ва аммо ҳамзамон ҳушдор доданд, ки агар Янгон ба вуруди мутахассисони хориҷӣ иҷоза надиҳад, ироаи ин кумак мутафаққиф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG