Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши наворҳои динӣ дар Суғд


Намояндагии корхонаи давлатии «Тоҷиккино» дар вилояти Суғд дар соли равон ҳудуди 2 000 навору сабтҳоро аз фурӯшдагон мусодира карда, ба коми оташ задааст.

Маҳмуд Аҳмадов, сардори корхонаи мазкур, гуфт, қисмате аз маводди мусодирагашта мазмуни динӣ доранд. Ба гуфтаи вай, ба нобуд кардани онҳо як гурӯҳи вижаи корӣ иборат аз намояндагони мақомоти вилоят дастур додааст. Ӯ афзуд : «Гурӯҳи корӣ муайян кард, ки соҳибкорон аз кишварҳои ҳамсоя бе ҳуҷҷат бисёр филмҳои динии манъшуда, навору филмҳои дорои мазмунҳои зӯровариву куштор ва ваҳшониятро оварда, дар вилоят нусхабардорӣ ва паҳн карданд. Ин ба мо як асос шуд, ки онҳоро аз фурӯш боздошта нобуд кунем».
Вай афзуд, гурӯҳи корӣ мазмуни филму навор ва сабтҳои нобудкардаашро ба тарбияву ахлоқи тоҷикон мухолиф ва ё беаҳаммият мехонад. Аммо сардори корхонаи «Тоҷиккино» дар вилоят афзуд, ки дар Тоҷикистон рӯйхати навору сабтҳои мамнӯъ таҳия карда нашудааст. Ба гуфтаи вай, «маводди мамнӯъ» он навору сабтҳоест, ки аз кишварҳои дигар бидуни иҷозанома ба Тоҷикистон ворид мегарданд.
Аммо Абдулғанӣ ном ҷавоне, ки дар назди масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷанд ба фурӯши адабиёт ва навору сабтҳои исломӣ машғул буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот фурӯши навору сабтҳои амри маъруфи баъзе аз рӯҳониёни Тоҷикистонро низ ба ӯ манъ кардаанд : «Бисёртар наворҳои муллоҳо, масалан, эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзоро «нафурӯшетон» гуфта, манъ карданд».
Ин гуна бархӯрди мақомот, ба гуфти ӯ, эҳтимол дорад боиси пинҳонӣ ба фурӯш гузоштани навору сабтҳои дорои мазмуни динӣ аз ҷониби баъзе ноширони бе иҷозанома гардад.
Фурӯш, нусхабардорӣ ва нашру паҳн кардани маводди аудиоӣ, видеоӣ танҳо бо иҷозаи намояндагии корхонаи давлатии «Тоҷиккино» дар вилоят сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол таййи яку ним соли ахир «Тоҷиккино» ҳудуди 25 000 диск, видео ва аудиокассетаро мусодира кардааст, ки қисмате аз онҳо навор ва сабтҳои дорои мазмуни динӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG