Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон ва идеяи М. Убайдуллоев


Бино бар як қарори порлумони Қирғизистон, сохтмони нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2 умумимардумӣ эълом хоҳад шуд.

Бино ба тарҳи ин қарор, порлумон аз мардуми кишвар даъват хоҳад кард, ки дар бунёди нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2 саҳм гирад. Гуфта мешавад, маблағи аз ҳисоби мардум ҷамъоваришуда ба хазинаи сохтмони нерӯгоҳ ирсол хоҳад шуд. Порлумон аз ин лиҳоз ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ситоди ҷумҳуриявии ҳамоҳанг сохтани хазинаи ин сохтмонро таъсис диҳад.

Тибқи пешниҳоди порлумон, ҳукумат масъалаи истифода аз қарзи дарозмуддати давлатиро низ бояд мадди назар гирад, ки гуфта мешавад, барои панҷ сол муқаррар хоҳад шуд. Дар қарори порлумони Қирғизистон тазаккур ёфтааст, ки ба манзури ҷалби теъдоди зиёди нерӯи корӣ дар ин сохтмон бояд сохтмони манзил ва иншоотҳои фарҳангиву маишӣ низ роҳандозӣ шавад.

Исҳоқ Масалиев - депутат аз ҷиноҳи Ҳизби коммунист мегӯяд, ташаббуси порлумон дар мавриди ҷамъоварии маблағ барои сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-2 ба манфиати кор аст. Вай афзуд, зеро дар шароити бозаргонӣ баъзан роҳандозии чунин лоиҳаҳо ва пешниҳодоти дигар мунҷар ба он хоҳад шуд, ки иншооти бузург бунёд шаванд. Исҳоқ Масалиев тазаккур дод, ки муроҷиат ба мардуми кишвараш омили муҳим дар ин маврид хоҳад буд.

Аммо Исо Омурқулов - депутати парлумон аз ҷиноҳи ҳизби сотсиал-демократ гуфт, порлумон дар бунёди нерӯгоҳи Қамбарота-2 муваззаф нест ва сохтмони ин нерӯгоҳро ҳукумат бар дӯш дорад. Вай афзуд, чунин мешуморад, ки муроҷиат ба мардум ва ҷамъоварии маблағ низ марбути порлумон ва вакилони мардумӣ нест.

Зайниддин Қурмонов - депутати порлумон аз ҷиноҳи ҳизби «Ақ жол» мегӯяд, Жуқорғи Кенеш ҳақ надорад, ки ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2 ба мардуми кишвараш муроҷиат сурат гирад. Ба таъкиди оқои Қурмонов, сохтмони умумимардумӣ эълон кардани нерӯгоҳи Қамбарота-2 ягон натиҷаи мусбат ба бор нахоҳад овард. Вай меафзояд, мардум дар қарни 21 ба сар мебарад ва фаҳмиши онҳо низ тағйир ёфтааст.

Депутати порлумон Динора Мулдошева пешниҳод кард, ки банди қарор пиромуни муроҷиат ба мардум ҷиҳати ширкати молии онҳо дар сохтмони нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2 бояд лағв шавад.

Ба гуфтаи иддае аз вакилони мардумӣ, қарори мазбур фишор болои омӯзгорон, пизишкон ва афроде аст, ки аз буҷаи кишвар маош мегиранд.

XS
SM
MD
LG