Сиерон Оганессён-вазири дифоъи Арманистон гуфтааст, шумораи нируҳои посдори сулҳи худро дар Косово то ба 68 нафар афзоиш медиҳад. Косово моҳи феврал истиқлоли давлатии худ аз Сербистонро эълон кард. Ҳоло дар Косово ҳудуди 17 ҳазор нафар нируҳои паймони НАТО мустақаранд.