Сандуқи Байналмиллалии Пул кумакҳои молии худ ба Қирғизистонро ду баробар афзоиш медиҳад, зеро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ нархи хурокӣ ва сухт боло рафтааст. Сандуқи Байналмиллалии Пул дар эъломияе гуфтааст, ин кумакҳо 14 милёну 400 ҳазор долларро ташкил медод ва акнун он ба 28 милёну 800 ҳазор доллар хоҳад расид.