Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Гурҷистонро "нософ" хонданд


Нозирони байналмилалӣ эълом карданд, ки интихоботи порлумонии Гурҷистон “нософ ва номукаммал” баргузор шуд, ҳарчанд ба гуфтаи онҳо дар муқоиса бо интихоботи раёсати ҷумҳур дар моҳи январ пешрафт мушоҳида шудааст. Жоао Соареш – раҳбари нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Гурҷистон гуфт, ки дар шеваҳои баргузории интихобот дар мушкил ва кори зиёде боқӣ мемонад.

Раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ даъво кард, ки ҳизби ӯ дар интихоботи порлумонии Гурҷистон пирӯз шудааст, аммо мухолифони давлат мегӯянд, ки мақомот дар интихобот тақаллубкорӣ кардаанд. Кумиссиёни интихоботи Гурҷистон баъди шумориши қисме аз раъйҳо гуфт, ҳизби Михаил Саакашвилӣ 63 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Эътилофи аҳзоби мухолиф 13 дар сади раъйҳоро соҳиб шудаанд. Порлумони Гурҷистон аз 150 курсӣ иборат аст.
XS
SM
MD
LG