Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: Сулҳи ҳукумат бо тундравҳои шимоли кишвар


Як мақоми аршади Покистон мегуяд, ҳукумат ризоят дод, ки дар манотиқи шимолу ғарби ин кишвар бо тундравҳо сулҳ ба имзо расад. Дар ин манотиқ аз моҳҳо ба ин су шуришу хушунат идома дошт. Боҳир Билур-вазири аёлати Шимолу Ғарб гуфт, ин созишнома дируз дар Пешовар ба имзо расидааст. Билур гуфтааст, дар посух ҳукумат розӣ шудааст, ки баъзе зиндониёнро озод кунад ва бо дархости руҳониюни маҳаллӣ баъзи шариъати исломиро дар минтақа иҷоза диҳад. Шон Мак Кормак-сухангуи вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, кишвараш ҳақи қазовати ин созишномаро барои худ маҳфуз медорад
XS
SM
MD
LG