Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чингиз Айтматов ба бемористон интиқол ёфт


Адиби маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов ба таври оҷил барои табобат ба Олмон интиқол ёфт. Гуфта мешавад, ки охири ҳафтаи гузашта ӯ дар шаҳри Қазон бо маризии гурда ба бемористон уфтод. Адиби машҳур дар ин шаҳр як филми мустанад навор мебардошт. Табибон гуфтанд, ки вазъи Айтматов хело сангин аст ва маҳз ба ҳамин хотир барои ба Олмон интиқол додани ӯ тасмим гирифта шуд. Ва аммо айни ҳол дар кадом бемористони Олмон будани адиб маълум нест.

Чингиз Айтматов – муаллифи даҳҳо роману қиссаву ҳикояҳои ҷолиб - аз маъруфтарин адибони шӯравии собиқ маҳсуб мешавад. “Нахустин устод”, “Алвидоъ, Гулсарӣ!”, “Ниҳолаки румолсураки ман”, “Турнаҳои барвақтӣ”, “Сафинаи сафед” ва дигар асарҳои ӯ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва аз аз сӯи чопхонаҳои Тоҷикистон бо теъдоди бузург нашр шудаанд.

XS
SM
MD
LG