Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломгароён дар интихоботи Кувайт пируз шуданд


Бино ба гузоришҳо, дар интихоботи порламонии Кувайт исломгароёни суннӣ ва шиъа беш аз нисфи курсиҳои порламонро ба даст овардаанд. Ин порламон аз 50 курсӣ иборат аст. Исломгароён нисбат ба интихоботи соли 2006 чаҳор баробар бештар ҷойҳоро дар порламон соҳиб шудаанд. Дар интихоботи рузи шанбе дастикам як зан намоянда интихоб нашуд, бо вуҷуди он ки 27 зан худро намоянда муъаррефӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG