Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти кумаки «Наҷоти кӯдакон» ба Мянмар


Ин тифли мянмариро тӯфон аз волидайну сарпаноҳ маҳрум намудааст
Ин тифли мянмариро тӯфон аз волидайну сарпаноҳ маҳрум намудааст

Созмони байнулмилалии дар Лондон будаи "Наҷоти кӯдакон" мегӯяд, айни замон ҳадди ақалл 30 000 тифли Мянмар аз камбуди ғизо азият мекашанд.

Аммо ин арқом ниҳоӣ нест ва бовар меравад, ки дар пайи тӯфони маргбори ду ҳафтаи пеш ва маҳдуд будани имконияти дастрасии гурӯҳҳои ёрирасон ба кишвар, шумори атфоли ниёзманд метавонад ба маротиб бештар бошад. Аманда Вайсбаум, раҳбари бахши вокунишҳои сареъи ин созмон, дар бораи шумори атфоли рӯбарӯ бо хатари гуруснагӣ мегӯяд: "Ба эътимоди мо, бо вуҷуди ин ки шумори зиёди мардум зарар дидаанд, 40 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисобҳои мо, феълан тақрибан 30 000 кӯдак ғизои нокофӣ доранд ва мо аз ҳоли онҳо нигарон ҳастем".
Хонум Аманда тазаккур дод, ки созмони "Наҷоти кӯдакон" наздики 13 сол мешавад дар дохили Мянмар фаъъолият дорад ва ҳама корҳову тадбирҳои онро ҳукумат аз наздик пайгирӣ мекунад. Ҳудудан 500 корманди ин созмон, ба гуфтаи ӯ, аз оғози фоҷиъаи табиъӣ ба кумаки мардум сафарбар шуданд, ва ин гурӯҳҳои имдодрасон аз дохили Мянмар паёми изтиробомез мефиристанд, ки кӯдакони ин кишвар шадидан ба ғизо ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳудудан 30 кишвари донори ин созмон тавассути "Наҷоти кӯдакон" ба мардуми Мянмар аллакай маводди ғизоӣ, ҷойгаҳи хоб, паноҳгоҳҳои муваққат, аз ҷумла хаймаҳои пластикӣ, васоили таҳияи ғизо, ва дигар маводро ирсол кардаанд. Хонум Аманда инчунин гуфт, ҳадафи онҳо аз муроҷиат ба ҷомиъаи ҷаҳонӣ ин аст, ки кишварҳои бештари ёрирасон дар фурсати кӯтоҳ ва фаврӣ ба кумаки атфоли Мянмар шитобанд: "Мо хоҳони расидагии бештар ва ҳарчи зудтар ба кӯдакони Мянмар ҳастем. Ҳар қадар дертар мо ба ин бачаҳо дастрасӣ пайдо кунем, ҳамон қадар дертар мо ба кумаки онҳо мерасем. Ва ман мехоҳам аврупоиҳо ва дигар бахши ҷомиъаи ҷаҳониро дасткушоду саховатманд бубинам, то баъдан мо ҳаҷми ёриҳои ироъашавандаро баробари дастрасӣ ба кӯдакон афзоиш диҳем".
Ба Мянмари фалокатзада тамоми сайёра кумак мекунад



Аманда Вайсбаум, раҳбари бахши вокунишҳои сареъи созмони "Наҷоти кӯдакон", эътироф мекунад, ки муқобила бо пайомадҳои офтаҳои табиъии Мянмар кори саҳле нахоҳад буд ва ин ҷараёнҳо муддати зиёд тӯл хоҳад кашид. Ба таъкиди ӯ, дар канори ин созмон, дар дохили Мянмар чанд созмони дигари ёрирасон, мисли


Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз ба ин созмон даст додааст ба 140 000 каси аз тӯфони маргбори "Наргис" зарардида дасти ёрӣ дароз кунад. Хонум Аманда афзуд, масъалаи дигари мавриди нигаронии онҳо сарнавишти атфолест, ки аз хонаводаҳои худ ҷудо шудаанд: "Мо хеле нигаронем, ки шуморе аз фавтидаҳоро волидон ва ё худи фарзандон хоҳанд буд. Аз ин рӯ, мо ба ин мавзӯъ чун ба бахше аз кори худ дар самти ҳимояти кӯдакон мепардозем".


Барои онҳое, ки мехоҳанд ба кӯдакони Мянмар кумак кунанд, созмони "Наҷоти кӯдакон" тавассути саҳифаи интернетии худ ҳисоби хайрия боз кардааст, ки маблағҳои онро барои харидории ғизову васоили дигари мавриди ниёзи атфол ирсол хоҳанд кард.

UNICEF ва UNHCR фаъъолият мекунанд, ва шароити корӣ барои онҳо чандон осон нест: "Бидуни шак, дар дохили Мянмар, муҳити корӣ хеле сахт аст. Вазъи Миянмар дар дохил хеле печида аст, аммо бо вуҷуди ин, мо бояд кори худро идома диҳем".
XS
SM
MD
LG