Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз кӯдакони Мянмар


Як созмони байналмилалии кӯмак ба атфол ҳушдор додааст, ки бино ба норасоии шадиди маводи ғизо дар Мянмар, ҳазорҳо атфоли ин кишвари офатзада дар баробари гуруснагии шадид қарор мегиранд. Аманда Вайсбаум, раҳбари бахши вокунишҳои сареъ дар созмони "Наҷоти кӯдакон", воқеъ дар Лондон, мегӯяд, тӯфони шадиде, ки Мянмарро асар кард, аксар кӯдаконро аз ғизо ва об маҳрум кардааст ва аксари онҳое, ки рӯзҳои зиёд аз истеъмоли хӯрок маҳруманд, метавонанд дар чанд рӯзи дигар ҷон диҳанд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ хонум Вайсман аз шаҳри Лондон гуфт:

"Ба эътимоди мо, бо вуҷуди ин ки шумори зиёди мардум зарар дидаанд, 40 дар сади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисобҳои мо, феълан тақрибан 30 ҳазор кӯдак ғизои нокофӣ доранд ва мо аз ҳоли онҳо нигарон ҳастем".

Созмонҳои имдодрасон ва ҳукуматҳои хориҷӣ ҳукумати Мянмарро барои надодани иҷозаи вуруд ба ҳама гурӯҳҳои байналмилалии кӯмакрасон танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG