Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди раҳбарони ҷаҳонӣ аз мақомоти Мянмар


Бархе раҳбарони кишварҳои ҷаҳонӣ мақомоти Мянмарро барои таъхир дар кӯмак ба мардуми офатзаашон шадидан танқид карданд. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш дар бораи тадбирҳои иловагии кӯмакрасон барои Мянмар изҳороте пахш кард ва нахуствазири Бритониё Гордон Браун бархӯрди "ғайриинсонии" ҳукуматро нисбати 2 миллион шаҳрвандонаш маҳкум кард. Мянмар қисмате аз кӯмакҳои байналмилалиро дарёфт кард, аммо гурӯҳҳои имдодрасон гуфтанд, ки онҳо танҳо бахше аз гурӯҳҳои онҳоро назди мардум роҳ доданд. Тибқи изҳороти расмӣ, шумори қурбониҳои тӯфони шадиди ду ҳафта пеш рухдода 78 ҳазор нафар гуфта мешавад. Телевизиони давлатӣ гуфт, ки феълан 58 ҳазор нафар беному нишон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG