Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии сафир аз банди ҷангиён


Сафири Покистон дар Афғонистон, ки се моҳ пеш аз ҷониби гурӯҳи ҷангиёни исломӣ рабуда шуда буд, озод гардид. Вай рӯзи 11 феврал дар роҳ ба Кобул дар вулусволии Хайбари ҳаммарз бо Афғонистон нопадид шуд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон гуфт, ки сиҳҳатии сафир хуб аст ва ӯ дар макони амн ба сар мебарад. Мақомот аз додани тафсилоти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG