Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор наврасро озод карданд


Чаҳор тан аз наврасони тоҷик, ки 20 рӯз ба ин сӯ дар асорати марзбонони ӯзбак ба сар мебурданд, ба ҷониби Тоҷикистон таслим шуда, музокирот рӯйи раҳоии ду тани дигар идома дорад.

Шералишо Мирзоев, сарвари Раёсати марзбонии кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, раҳоии онҳо баъди пешниҳоди шиносномаҳояшон ба мақомоти Ӯзбакистон шоми 15 май соати 17. 30 дақиқа сурат гирифтааст. Оқои Мирзоев аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, Юсуфҷон Кимсанов, яке аз сокинони шаҳраки Адрасмон ва шоҳиди ҳол ба радиои Озодӣ гуфт, таслими наврасон дар қитъаи марзии ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифтааст.

Дуруст 20 рӯз қабл 27 апрел 31 наврас ва ҷавони шаҳраки Адрасмони ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз сӯйи марзбонони ӯзбак боздошт ва ба Ӯзбакистон бурда шуданд. Онҳо, ки аз 12 то беш аз 20 сол доштанд, барои ҷамъоварии ревоҷ ё чукрӣ ба кӯҳҳои Қурама мераванд. Аммо ба ҳангоми қарор доштан дар қуллаи кӯҳ, банохост онҳоро марзбонони ӯзбак иҳота мекунанд. Баъди як рӯз марзбонони ӯзбак 25 наврасро раҳо мекунанд ва шаш нафари дигарро нигаҳ медоранд.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ бо ирсоли нота ё ёддошти эътирозӣ аз ҳукумати Ӯзбакистон хостори раҳоии наврасон ва ҷавонони боқимонда шуд. Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, консули сафорати Ӯзбакистон ба вазорат даъват ва ёддошти эътирозӣ ба ӯ супорида шуд.

Дар ҳамин ҳол, Миродил Абдураззоқов, консули сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти мавзӯъ худдорӣ кард ва фақат гуфт, ки «ҳама чиз дар доираи қонун ҳал мешавад»

Миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон режими раводиди амал мекунад ва ҳар тане, ки марзи кишварҳоро бидуни раводид убур мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. То ба ҳол маълум нест, ки ду ҷавони дигари тоҷик ниҳоят раҳо мешаванд ё ба додгоҳи Ӯзбакистон кашида хоҳанд шуд.

Ба ҳамин минвол, сарнавишти ду ҷавони дигар, ки ба қавли ҷониби Тоҷикистон, шиносномаашон ҳанӯз ба мақомоти Ӯзбакистон пешниҳод нашудааст, норӯшан боқӣ мемонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG