Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басташавии қароргоҳи ҲДТ аз тарафи додгоҳ


Масъулини додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дари қароргоҳи марказии ҷиноҳи М. Искандарови ҲДТ-ро мўҳр задаанд.

Мақомоти додгоҳи мазкур мегӯянд, ин тасмим баъди он гирифта шудааст, ки раёсати ҷиноҳи М. Искандарови ҲДТ ҳозир нашудааст, ба сурати ихтиёрӣ ҳалномаи додгоҳро иҷро кунад ва амволу аснод ва мӯҳри ҳизби мазкурро ба раёсати ҲДТ ҷиноҳи Масъуд Собиров, ки аз сӯи вазорати адлия сабти ном шудааст, таҳвил диҳад.
Абдуғанӣ Назаров, иҷрокунандаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ин маврид мегӯяд, дар тӯли то як моҳ ҳалномаи додгоҳ бояд ба сурати комил иҷро шавад. Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабой Ниёзов, муовини аввали ҷиноҳи М. Искандарови ҲДТ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ҳизб (феълан дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад), гуфт, ки мӯҳр ва асноди дигари ҳизбро дар ихтиёр надорад ва ҳарчи моли ҲДТ аст, дар қароргоҳи марказии он мебошад. Оқои Ниёзов дар мавриди ҳалномаи додгоҳ гуфт: «Ҷомеъаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки мегӯем, қарори додгоҳ бояд ҳамчун қонун қабул шавад. Аммо баъд аз он мешавад боз шикоят кард. Аз аввал нодуруст буд ин».
Сарпарасти ин ҷиноҳи ҲДТ ҳамчунин афзуд, ки тасмими мақомот аз ибтидо дар мавриди ҲДТ нодуруст ва беинсофона буд ва мақомоти ҷиноҳи Искандарови ҳизб баъди иҷрои ин ҳалнома дубора ҳақ доранд, ба додгоҳ шикоят кунанд.
Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи иҷрочии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мақомоти ҲДТ ҷиноҳи Искандаров дар баъди ҳалномаи додгоҳ ва муҳр шудани қароргоҳ ҳаққи иҷрои бархе фаъъолиятҳо, аз ҷумла анҷоми амалиётҳои бонкӣ ва пуливу молиро, надоранд ва бояд дар зарфи аз 20 рӯз то як моҳ ҳалномаи додгоҳро ба сурати комил иҷро кунад.
ҲДТ нахустин ҳизб дар баробари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, ки дар соли 1990 поягузорӣ шуд. Аммо бо гузашти ду сол ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар бар сари ихтилофи роҳбарони он дар мавриди бархӯрд бо ҳукумат ҳизб ба ҷиноҳи Алмаато ва Теҳрон ҷудо шуд. То соли 1999 ҷиноҳи Теҳрон дар Душанбе иҷозаи фаъъолият дошт. Дар соли 1999 ҷиноҳи Алмаато, ки ҷузъе аз ИНОТ-ро ташкил медод, низ иҷозаи расмии фаъъолият пайдо кард ва фаъъолияти ҷиноҳи Теҳрон қатъ шуд.
Дар соли 1999 Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки раиси ширкати «Тоҷикгаз» ва аз фармондеҳони пешин низ буд, раиси ҲДТ интихоб шуд. Дар соли 2004 М. Искандаров боздошт шуд ва дар соли 2006 дар дохили ин ҳизб аввал ҷиноҳе бо номи «Ватан» ва баъдан ҷиноҳи Масъуд Собиров ба майдон омад. Бо баргузории анҷумани фавқулода дар ҷиноҳи М. Собиров ӯ раиси ин ҷиноҳ интихоб шуд. Ҷиноҳи М. Искандаров интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим эълон кард ва вазорати адлияи Тоҷикистон анҷумани ҷиноҳи М. Собировро расмӣ ва ӯро ба унвони Раиси ҲДТ эътироф кард. Аммо баъдтар дар аввали соли 2007 ҷиноҳи дигаре дар ин ҳизб буруз кард, ки Саъидҷафар Исмоновро раиси худ интихоб намуд. Феълан ҲДТ ба се шоха, яъне ҷиноҳи М. Искандаров, ҷиноҳи С. Исмонов ва ҷиноҳи М. Собиров тақсим шудааст.
Вале ба назари таҳлилгарон иллати аслии чанддастагӣ пароканда шудани ҲДТ ҳамоно буҳрони роҳбарӣ дар ин ҳизб аст.
XS
SM
MD
LG