Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Биҳишти модарон” - танҳо барои занон


Даромадгоҳи бӯстони "Биҳишти модарон"
Даромадгоҳи бӯстони "Биҳишти модарон"

Холидаи Қодир Дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломӣ бӯстон ё боғи наве ифтитоҳ шуд, ки танҳову танҳо барои занон ва духатрон будааст.

Бархе аз сокинони Теҳрон аз гушоиши боғи мавсум ба “Биҳишти модарон” истиқбол мекунанд, вале гурӯҳи дигар инро намунаи дигари нақзи ҳуқуқи зан дар Эрон хондаанд.
Шаҳрдори Теҳрон Муҳаммадбоқири Қолибоф таййи як маросим “Биҳишти модарон”-ро боз намуд. Дар “Биҳишти модарон” занону духтарони эронӣ метавонанд ба роҳатӣ ва бидуни пӯшидани рӯсарӣ сайругашт ва варзиш кунанд. Мардон ҳаққи вуруд ба ин боғро надоранд. “Биҳишти модарон” аз ҳамаи чаҳор тарафаш бо деворҳои баланди сабз муҳкам ва аз чашми мардон комилан пӯшида шудаааст.
Қисме сокинони Теҳрон аз гушоиши ин боғ истиқбол карда, мегӯянд, ки “Биҳишти модарон” ба занону духтарон имкон медиҳад соъоти истироҳати худро дар инҷо озодона сипарӣ кунанд. Аммо дар ҳамин ҳол, бархеи дигар ифтитоҳи “Биҳишти модарон”-ро як гоми дигар дар роҳи, ба гуфтаи онҳо, табъизи фарогири ҳаққи зан дар Ҷумҳурии исломӣ медонанд.
Таҷзияи ҷинсӣ, ки дар Эрон аз замони вуқӯъи инқилоби исломии соли 1979 ҳамеша як мавзӯъи баҳс будааст, ба дунболи дар соли 2005 ба сари қудрат омадани раисҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод вусъати тоза пайдо кард. Аҳмадинажод то замони расидан ба мансаби раёсатҷумҳурӣ шаҳрдори Теҳрон буд ва насби лифтҳои ҷудогона барои занон аз нахустин дастурҳои ӯ дар симати шаҳрдорӣ будааст. Баъдан дар Эрон барои занон таксиҳову автобусҳои вижаро низ тахсис доданд.
Дар ҳамин ҳол, Насрин Сутуда, вакили мудофеъ ва аз фаъъолони ҳуқуқи зан дар Теҳрон, мегӯяд, ки ин ҳама иқдомот аломати равшани табъизи занони эронист.
“Биҳишти модарон”, ки дар Теҳрон боз шуд, танҳо боғи вижаи занону духтарон дар Эрон набудааст. Чунин паркҳои махсуси занон аллакай дар шаҳрҳои дигари Эрон, аз ҷумла дар Қум ва Машҳад, амал мекунанд.
Вақте се сол пеш тарҳи бунёди боғи вижаи занон дар майдони 110 ҳектор дар Машҳад, маркази тиҷоратии шимолу шарқи Эрон, муаррифӣ мешуд, матбуъот аз қавли Содиқа Қаннодӣ, раҳбари Шӯрои миллии занони Эрон, оварда буд, ки занон дар дохили ин парк ҳатто аз ҳавопаймо дида намешаванд.
Воқиъан, боғи “Биҳишти модарон”-и Теҳрон аз тарафи осмон низ бо брезенти сафеди норанҷӣ пӯшида шудааст ва аз ин рӯ ҳеҷ марде имкони дидани ончиро, ки дар дохили боғ мегузарад, надоштааст. Аммо ба қавли як сокини Теҳрон бо номи Алӣ, бархе мардони кунҷкоб, ба ҳар ҳол, талош хоҳанд кард, ки занону духтарони дохили ин паркро ба навор бигиранд.
Зимнан ин ҳам равшан нест, ки оё нигоҳубини “Биҳишти модарон”-ро кӣ анҷом медиҳад: Танҳо боғбонони зан ё…?
XS
SM
MD
LG