Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 кас бо гумони пуштибонии террор дастгир шуданд


Полиси Фаронса мегӯяд, мақомоти Фаронса, Олмон ва Ҳолланд 10 нафарро бо иттиҳоми таъмини молии ҷангҷӯёни исломӣ дар Узбакистон дастгир намуданд. Як мансабдори фаронсавӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, 8 муттаҳами турктабор дар шаҳри Мулҳауси шарқи Фаронса ба ҳабс гирифта шуданд. Ҳамчунон ба қавли ҳамин манбаъ як кас дар Олмону як муттаҳами дигар дар Ҳолланд боздошт шудаанд.
Мансабдори фаронсавӣ нагуфт, ки боздоштшудагон кадом гурӯҳи ҷангҷӯёни исломии Узбакистонро таъмини молӣ мекард.
XS
SM
MD
LG