Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 корманди сафорати Эрон дар Бағдод захмӣ шуданд


Афроди мусаллаҳ дар Бағдод ба суи автомобили ҳомили се кормандони сафоратхонаи Эрон дар Ироқ оташ rушодаанд. Ҳар се нафар захмӣ шудаанд. Сухангуи сафорати Эрон гуфтааст, ҷароҳати ду нафари онҳо сангин аст. Пулиси Ироқ ин тирандозиро таъйид кардааст, вале дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса тавзеҳ надодааст. ИРНО-хабаргузории расмии Ирон мегӯяд, мақомоти Эрон низомиёни Амрикоро дар ин тирандозӣ гунаҳкор медонанд. Аммо сухангӯи низомиёни Амрико дар Бағдод ин иддаъоро хандаовар хондааст.
XS
SM
MD
LG