Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи СММ дар бораи паноҳҷуёни гурҷӣ


Маҷмаъи Умумии СММ қатъномаеро дар бораи ҳимоят аз ҳуқуқи паноҳандагони Абхозистон ба тасвиб расонд. Абхозистон минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон аст ва дар авоили солҳои 1990-ум дар ҷараёни ҷангҳои дохилӣ ҳазорон нафар ба Гурҷистон паноҳ бурданд. Ираклий Аласания-намояндаи Гурҷистон дар СММ гуфт:
"Ин санади якҷониба нест ва вақте, ки он ба дифоъ аз ҳуқуқи афроди беҷошуда даъват мекунад, он дифоъ аз ҳуқуқи мардуми абхозро ҳам дар назар дорад, ки дар Абхозистон ба сар мебаранд".
Дар Маҷмаъи Умумии СММ ба ҷонибдорӣ аз ин қатънома танҳо 14 кишвар рай доданд. Намояндагони 10 кишвари дигар райи мухолиф доданд ва 105 кишвар аз додани рай худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG