Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Далай Лама ба Олмон


Раҳбари рӯҳонии Тибет, Далай Лама, ки бо сафаре дар Олмон ба сар мебарад, хостори мухторияти бештари Тибет шуд, аммо гуфт, истиқлолияти Тибет аз Чинро тасаввур намекунад. Далай Лама бо чанде аз сарони маҳаллии Олмон мулоқот кард, вале садри аъзами Олмон, Ангела Меркел, ки дар гузашта ӯро расман ба ҳузур пазируфта буд, ин бор аз мулоқот худдорӣ кард. Чин, ки мегӯяд, Тибет дар тӯли садсолаҳо қаламрави он будааст, аз гуфтушунид бо Далай Лама ва мақомоти байнулмилалӣ сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG