Аз гӯшаҳои гуногуни сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун дар ин рӯз садои сирена баланд мешуд. Дар Ғаза садҳо хонандаи мактаб дар даст мушакҳову силоҳҳои сохта ба майдони бузурги ин шаҳр рехтанд. Дар каронаи бохтарӣ ва дар шарқи арабнишини Байтулмуқаддас фаъолони фаластинӣ мехоҳанд дар ин рӯз тақрибан 22 000 пуфаки сиёҳро ба ҳаво сар дода, осмони Байтулмуқаддасро аз пуфакҳо сиёҳ кунанд. Ҳар яке аз ин пуфакҳо як рӯзи гузашта аз таъсиси давлати Исроилро, ки рӯзи 14 май шастсолагиашро таҷлил кард, таҷассум мекунад.
Ду маросими комилан мухталиф – Рӯзи накба ва таҷлил аз солгарди шастуми таъсиси Исроил – ҳокии ихтилофоти амиқест, ки инак 60 сол боз бар Ховари Миёна ҳоким аст. Фаластиниҳо мегӯянд, ки онҳоро дар соли 1948 иҷборан аз манзилҳояшон берун кардаанд. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, ки худ низ аз беҷошудагони соли 1948 аст, дар ин ҳафта гуфт, мардуми ӯро ҷабран бемакон карданд ва нисбати фаластиниҳо беадолатӣ шуда буд.
Аммо нигоҳи Исроил ба мавзӯъ комилан фарқ мекунад. Раҳбарони Исроил мегӯянд, қасди берун кардани арабҳоро надоштанд ва аксари онҳо дар пайи ҳамлаи 5 кишвари арабӣ ба хоки Исроил рӯ ба ҳиҷрат овардаанд. Аммо дар ҳар сурат, дар соли 1948 ва баъд садҳо ҳазор фаластинӣ тарки қаламрави Исроил карданд ва феълан, ҷамъи паноҳандагони фаластиние, ки дар Урдун, Лубнон, Сурия ва сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғаза ба сар мебаранд, дар ҳудуди 4,5 миллион нафар рақам зада мешавад.
Ёдоварӣ аз Рӯзи накба дар сарзаминҳои фаластинӣ дар ҳоле мегузарад, ки раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба хотири ширкат дар маросими таҷлил аз солгарди шастуми таъсиси давлати Исроил ва ҳам ба хотири ба музокироти сулҳ ташвиқ кардани исроилиҳову фаластиниҳо дар Исроил ба сар мебарад. Дидори Буш аз Исроил ва ширкаташ дар солгарди таъсиси он кишвар бархе фаластиниҳоро ба хашм овардааст. Маҳмуд аз-Заҳор, як мақоми расмии гурӯҳи тундрави Ҳамос, ки контроли борикаи Ғазаро дар даст дорад, мегӯяд:
“Ӯ дар ин ҷост, ки аз 60 соли рехтани хуни мо, ихроҷи мо, зиндагии мо дар як шароити ноҳинҷор ва тасарруфи ҳуқуқи миллии мо таҷлил кунад.”
Дар остонаи сафари Буш ба Ховари Миёна, мушовири маъмурияти президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Стивен Ҳедлӣ иқрор кард, ки таъсиси Исроил машаққатҳоеро барои бисёре аз фаластиниҳо низ ба дунбол доштааст. Оқои Ҳедлӣ гуфт, Ҷорҷ Буш мусаммам аст, ба таъсиси давлати фаластиниҳо ба ҳамон гунае, ки яҳудиён дар 60 соли пеш соҳиби давлат шуданд, мусоидат карда, бо ин роҳ ба машаққати мардуми фаластинӣ поён диҳад.
Ҷорҷ Буш рӯзи 15 май дар Кнессет, порлумони Исроил гуфт, ки ӯ орзуманди баъди 60 соли дигар ҳам побарҷо дидани ин кишвар аст. Вале ба эътиқоди оқои Буш, ин танҳо дар сурате муяссар хоҳад шуд, ки фаластиниҳо низ ба орзуи дерини худ расида соҳиби давлат шаванд. Вале як давлати демократие, ки ба таъбири президенти Амрико, таҳти ҳукми қонун бошад ва ба ҳуқуқи башар эҳтиром гузошта, террорро рад кунад.
Аммо Буш дар суханрониаш ба ихтилофоти калидии барҷоймонда дар баҳси байни Исроил ва фаластиниҳо ишорае накард. Фаластиниҳо ҳаққи бозгашт ба сарзаминҳои уфтода дар қаламрави кунунии Исроилро талаб гузошта, ҳамчунин мехоҳанд пойтахти давлати худро дар шарқи Байтулмуқаддас бино кунанд.
Исроил, ба навбаи худ, Байтулмуқаддасро пойтахти худ дониста, мехоҳад аксари шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдунро низ ҳифз кунад.