Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин шаҳрдориро ба додгоҳ мекашанд


Созмондиҳандагони як раҳпаймоии мухолифини Русия, ки аз сӯи мақомоти шаҳри Маскав манъ шуда буд, имрӯз ба додгоҳ муроҷиат карданд. Ҳомии ҳуқуқи башар Лев Пономарев ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз болои тасмими шаҳрдорӣ барои манъи “раҳпаймоии норозиён” дар рӯзи 6 май ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Ёдовар мешавем, ки мухолифин мехостанд як рӯз қабл аз маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нави Русия Дмитрий Медведев дар маркази Маскав раҳпаймоӣ доир кунанд ва аммо мақомоти шаҳр ба ин мухолифат карданд. Полис чанд тан аз ширкаткунандагони раҳпаймоиро боздошт карда буд.

Имрӯз Владимир Лукин, масъули ҳуқуқи башари Русия изҳор намуд, шаҳрдории Маскав бо ҷилавгирӣ аз ин раҳпаймоӣ қонунро поймол кардааст. Тибқи қонун, гуфтааст Лукин, шаҳрдорӣ бояд ба мухолифин мавзеъи дигари баргузории намоиши эътирозиро пешниҳод мекард.

XS
SM
MD
LG