Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилов ба Тошканд истирдод мешавад


Бо вуҷуди эътирози ҳомиёни ҳуқуқи башар мақомоти Қирғизистон шаҳрванди Узбакистон Эркин Халиловро ба Тошканд истирдод карданианд. Эркин Халилов, ки аз сӯи мақомоти Узбакистон дар ифротгароӣ муттаҳам мешавад, айни ҳол бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар маҳбас ба сар мебарад ва қаблан аз мақомоти Қирғизистон хостори дарёфти паноҳандагии сиёсӣ шуда буд.
Дирӯз созмони Дидбони ҳуқуқи башар - Ҳуман Райтс Вотч аз мақомоти Қирғизистон даъват карда буд, он шаҳрвандони Узбакистонро, ки хостори паноҳандагӣ шудаанд, ба Тошканд истирдод накунанд.

XS
SM
MD
LG