Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмон бо тоҷикони Қазоқистон


Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо тоҷикони Қазоқистон масъалаи ташкили Маркази умумиҷумҳуриявии тоҷиконро дар ин кишвар ба миён гузошт.

Иттиҳоди тоҷикистониёни Қазоқистон

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфт:

“Шояд вақти он расида бошад, ки шумо низ мисли ҳамватанони дар Русия будаи худ як сохтори фарогир ва умумӣ – Иттиҳоди тоҷикистониёни муқими Қазоқистонро таъсис диҳед. Мо ин гуна ибтикори шуморо дастгирӣ хоҳем кард. Фикр мекунам, ки чунин иттиҳод метавонад ҳамчун як рукни ҷомеаи Қазоқистон фаъолияти хешро ҳамроҳ бо намояндагони ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, дар сатҳи баландтар амалӣ сохта, ба хотири дифои манфиатҳои ҳуқуқию иҷтимоии ҳамаи тоҷикистониёни муқими Қазоқистон ва муҳоҷирони кории тоҷик ба таври самаранок талош намояд.”

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар Қазоқистон ҳудудан 40 - 50 ҳазор муҳоҷири корӣ ва 45 ҳазор тоҷикони бумӣ кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо дар 8 маркази фарҳангии шаҳриву вилоятӣ гирди ҳам омадаанд. Вале ба хотири он ки фаъолияти ин марказҳо боз ҳам муассиртар ва нақши онон дар ҳаёти фарҳангии Қазоқистон арзишмандтар гардаду, онҳо хостаҳои тоҷикони муқими Казоқистонро бароварда созанд, чунин маркази фарҳангии умумиҷумҳуиявӣ зарур аст, гуфт президент.


Ҳамкориҳо

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Ба гуфтаи вай, алъон дар Тоҷикистон 47 корхонаи муштарак бо Қазоқистон ва 15 корхонаи хусусии ин кишвар фаъол аст. Соли гузашта рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон баргузор гардида буд ва моҳи октябри соли равон рузҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳар сол аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Қазоқистон анқариб 100 нафар донишҷӯён пазируфта мешаванд ва алъон дар ин кишвар анқариб 220 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Дар ҳамин ҳол, 150 нафар ҷавонони тоҷики муқими Қазоқистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.


Муҳоҷирон

Як бахши аъзами мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ба масоили муҳоҷирати кории тоҷикон бахшида шуда буд. Сарвари Тоҷикистон муҳоҷирати кории тоҷиконро ба кишварҳои Русияву Қазоқистон ва соири кишварҳо чун зарурати обйективӣ баҳо дода, онро барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишвари пазирандаи муҳоҷирон судманд арзёбӣ намуд. Вале, аз сӯи дигар,таъкид кард, ки чун ағлаби мардуми кишвар барои ҷои кор ба Русия ва Қазоқистон омадаанд, дар худи Тоҷикистон неруи корӣ дар сохтмон ва бархе аз мутахассисон дар бахшҳои алоҳида намерасанд.

“Аллакай мо худамон нарасидани қувваи корӣ дар обйектҳои сохтмониро мушоҳида мекунем. Ман кишоварзиву дигарашро нагуфта истодаам. Дар як-ду моҳи охир аз Қасри миллат дусад нафар кормандон ба Русия баромада рафтанд. Мо аз дигар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо барои сохтмони Қасри миллат коргар ва мутахассис ҷамъ карда истодаем. Садҳо обйекти сохтмониро мо дар нақша гирифтем дар пойтахт. Ин бунёди китобхонаи миллӣ, бунёди музеи миллӣ, бунёди як театри давлатӣ. Мо роҳҳо сохта истодаем, нақбҳо канда истодаем. Яъне, нақшаҳои зиёд дорем, ки барои амалӣ кардани онҳо мутахассис даркор.”

XS
SM
MD
LG